АСОСӢ
Маҷаллаи илмӣ-техникии «Илм ва технологияи асри XXI» нашрияи даврии илмӣ буда, муассиси он Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон мебошад. Қаблан маҷалла ҳамчун маҷаллаи илмӣ-омавӣ нашр мешуд ва аз моҳи феврали соли 2024 инҷониб ҳамчун нашрияи илмӣ-техникӣ ва истеҳсолӣ фаъолият менамояд. Маҷаллаи «Илм ва технологияи асри XXI» дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 феврали соли 2024) таҳти № 326/МҶ-97 ба қайд гирифта шудааст.
Дар асоси созишнома бо Китобхонаи илмии электронӣ (№ 150-02/2024К) маҷалла ба Индекси иқтибосҳои илмии Русия дохил гардидаст. Маҷаллаи «Илм ва технологияи асри XXI» дар Маркази миллии патенту иттилооти назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, ба ӯ рақами силсилавии байналмилалии стандартӣ (ISSN 2709-7676) дода шудааст.
Маҷалла мақолаҳои илмии муаллифон ва коллективҳои эҷодиро
дар самтҳои зерин қабул мекунад:
1. Техникӣ
2. Иқтисодӣ
3. педагогӣ