Лого

ПАЁМИ ИННОВАТСИОНӢ

Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон

БАРОИ МУАЛЛИФОН

ТАЛАБОТ

ба мақолаҳои илмие, ки барои чоп ба маҷаллаи илмӣ-техникӣ ва истеҳсолии Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон

 «Илм ва технологияи асри XXI» пешниҳод мешаванд

 

Ҳамаи мақолаҳои илмие, ки барои чоп ба маҷалла пешниҳод мегарданд, бояд ба талаботҳои зерин ҷавобгӯ бошанд:

Мақола бояд натиҷаи таҳқиқоти илмӣ-эљодї дошта, аз рӯйи тартиби IMRAD (I - Introduction муқаддима, M - Methods методҳо, R - Results натиҷаҳо, A - and ва D - Discussion муҳокима) таҳия шуда бошад.

1.                 Мавзуи мақола бояд ба яке аз самтҳои илмии маҷалла (техникӣ, иқтисодӣ ва педагогӣ) мувофиқат намояд.

2.                 Матни мақола бояд дар формати Microsoft Word омода гардида, бо ҳуруфи TimesNewRoman барои матнҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таҳия гардида, дар матн ҳаҷми ҳарфҳо 14, ҳошияҳо 2,5 см, сархат 1, 25 мм ва фосилаи байни сатрҳо бояд 1,15 мм бошад. Ҳаҷми мақола бо формати А4 бо назардошти рӯйхати адабиёти истифодашуда ва аннотатсияҳо аз 7 то 12 саҳифаро бояд дар бар гирад.

3.                 Сохтори мақола бояд бо тартиби зерин таҳия гардад:

Ø  номи пурраи мақола бо њарфњои калони ш.14;

Ø  насаб ва дар шакли ихтисор ном ва номи падар (намуна: Зоирзода С.М.);

Ø  номи муассисае, ки дар он муаллифи мақола кору фаъолият менамояд;

Ø  матни асосии мақола;

Ø  иқтибосњо дар қавси чаҳоркунҷа [ ] бо нишондоди раќами адабиёти истифодашуда ва саҳифаи мушаххаси он нишон дода шавад. Намуна [4, c.25]. Яъне, адабиёти рақами 4, саҳифаи 25;

Ø  рӯйхати адабиёти истифодашуда (на камтар аз 10 ва на бештар аз 15 номгӯйро ташкил кунад). Рӯйхати адабиёти истифодашуда бояд дар асоси талаботи ГОСТ 7.1- 2003 ва ГОСТ 7.0.5-2008 таҳия гардад;

Ø  номи мақола, шарҳи мухтасар (аннотатсия) ва калидвожаҳо бояд бо се забон (тоҷикӣ, русӣ, ва англисӣ) таҳия гарданд. Шарҳи мухтасар дар ҳаҷми аз 10 то 15 сатр ва калидвожаҳо аз 8 то 10 номгӯ бояд таҳия карда шавад;

Ø  нақшаҳо, ҷадвалҳо, диаграммаҳо ва расмҳо бояд рақамгузорӣ карда шаванд. Инчунин, онҳо бояд номи шарҳдиҳанда дошта бошанд;

Ø  дар охири мақола бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) маълумотнома дар бораи муаллиф оварда шавад.